Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ТОҶИКИСТОН-2021: ДУШАНБЕ-1 - ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАСКЕТБОЛ

26.06.2021

: 1635

Ҳафтаи гузашта дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба баскетбол баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи баскетболи Тоҷикистон, дар мусобиқа 8 даста – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд-1, Суғд-2, ВМКБ ва ШНТМ нахуст дар ду гурӯҳ бозӣ карданд.

Гурӯҳи А – Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-2, Суғд-2
Гурӯҳи Б – ВМКБ, Хатлон-1, Суғд-1, ШНТМ

Дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2 аз гурӯҳи “А”, Суғд-1, ВМКБ аз гурӯҳи “Б” дар нимфинал бозиҳояшонро идома доданд. Дар ин давр Душанбе-1 дастаи Суғд-1-ро бо ҳисоби 114:54 ва Душанбе-2 дастаи ВМКБ-ро бо ҳисоби 77:65 мағлуб намуда, ба финал роҳ ёфтанд.

Дар финал тими Душанбе-1 бар дастаи Душанбе-2 бо ҳисоби 80:73 пирӯз шуда, ғолиби мусобиқа гардид.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм ВМКБ дастаи Суғд-1-ро бо ҳисоби 72:44 шикаст дод.

Ёдовар мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 21 май шуруъ гардид, 15 намуди варзиш ворид буд ва то 30-юми июн идома меёбад.

Феълан мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои бокс ва волейбол миёни мардону бонувон ҷараён дорад. Бозиҳои варзишии Тоҷикистон бо мусобиқа оид ба камонварӣ (28-29 июн) анҷом меёбад.