Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИЛДАР АҲМАДИЕВ – ИШТИРОКЧИИ ДИГАРИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО АЗ ТОҶИКИСТОН

26.06.2021

: 724

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок мекунад.

Ӯ тавассути саҳмияи универсалии Созмони Варзиши сабуки ҷаҳонӣ имкони иштирок дар Олимпиадаи Токиоро, дар дав ба масофаи 100 метр пайдо намуд.

Тибқи муқаррароти Созмони Варзиши сабуки ҷаҳонӣ, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгаронашон миёни мардон ё занон роҳхати мустақим надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаи варзишӣ беҳтарин варзишгари мард ё занро пешниҳод намоянд.

Дар варзиши сабук аз кишвари мо миёни бонувон Гулсумбӣ Шарифова дар дав ба масофаи 200 метр роҳхати олимпӣ ба даст овард, вале варзишгаронамон миёни мардон натавонистанд меъёри муайянкардаи олимпиро иҷро намоянд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон номзадии Илдар Аҳмадиев ва Григорий Дерепаскинро барои ноил шудан аз саҳмияи универсалӣ пешниҳод намуданд ва Созмони Варзиши сабуки ҷаҳонӣ номзадии Илдарро пазируфт.

Илдар Аҳмадиев танҳо ҳамин сол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Узбекистону Қазоқистон ширкат карда, натиҷаҳои хуб нишон дод. Ӯ дар Чемпионати кушоди Узбекистон, ки 28-29 май дар Тошканд баргузор шуд, дар масофаи 100 метр медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Косанов дар Алмаато баръакс дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали тилло, дар масофаи 100 метр медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамин тариқ, ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 8 нафар расид. Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳар ду бокс), Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат ба даст овардаанд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо таъхири яксола аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.