Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲАРИФОНИ ТИМИ ФУТБОЛИ БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 МУАЙЯН ШУДАНД

24.06.2021

: 743

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар Куала Лумпур қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни мунтахабҳои бонувон сурат гирифт.

Дар ин марҳила 28 даста дар ҳашт гурӯҳ ширкат мекунанд. Тими футболи бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Ветнам, Малдив ва Афғонистон бозӣ хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ 13-25 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мешаванд.

Ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 20 январ то 6 феврал дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ғолибони 8 гурӯҳ роҳхат мегиранд. Се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2018 – Ҷопон, Австралия ва Чин аз марҳилаи интихобӣ озоданд ва мустақим дар марҳилаи финалӣ бозӣ мекунанд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни тимҳои бонувон:

Гурӯҳи «А»: Тайпэйи Чин (мизбон), Баҳрайн, Туркманистон, Лаос.
Гурӯҳи «В»: Ветнам, ТОҶИКИСТОН (мизбон), Малдив, Афғонистон.
Гурӯҳи «С»: ҶХД Корея, Сингапур, Ироқ, Индонезия (мизбон).
Гурӯҳи «D»: Мянма (мизбон), АМА, Гуам, Лубнон.
Гурӯҳи «Е»: Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «F»: Филиппин, Ҳонг Конг, Непал (мизбон).
Гурӯҳи «G»: Урдун, Эрон, Бангладеш (мизбон).
Гурӯҳи «Н»: Тайланд, Фаластин, Малайзия.