Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТОКИО-2020 ФУРӮШ ВА ИСТИФОДАИ МАШРУБОТРО МАНЪ КАРД

23.06.2021

: 642

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 фурӯши машруботро дар маконҳои Бозиҳо манъ кард.

Президенти Токио-2020 Сейко Ҳашимото ин иқдомро тасдиқ кард ва илова намуд: "Пас аз маслиҳати коршиносон, Кумитаи тадорукот дар бораи фурӯш ва нӯшидани машрубот дар ҷойҳо қарор қабул кард, то паҳншавии сироятҳоро ба коронавирус пешгирӣ кунад".

Токио-2020 қарор аст дастури мухлисонро нашр кунад ва тибқи он аз мухлисон хоҳиш карда мешавад, ки дар миёни ҷамъият ва дар роҳравҳо аз хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ кунанд. Инчунин ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки суруд хонанд ва фарёд зананд.

Ҳошимото инчунин аз тасмим дар бораи ҷой додани то 10000 мухлис дар ҷойҳо ё 50 фоизи иқтидори он дифоъ кард. Бо мақсади пешгирии паҳншавии COVID-19 дар Ҷопон мухлисони хориҷӣ манъ карда шуданд, аммо айни замон ба тарафдорони ватанӣ иҷозат дода шудааст.

Қарор аст Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23-юми июл то 8-уми август ва Бозиҳои паралимпӣ аз 24-ум то 5-уми сентябр баргузор шавад. Бо сабаби пандемияи COVID-19, Бозиҳо соли 2020 як сол мавқуф гузошта шуд.