Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ОЛИМПӢ ОҒОЗ ШУД

ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ОЛИМПӢ ОҒОЗ ШУД ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ОЛИМПӢ ОҒОЗ ШУД ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ОЛИМПӢ ОҒОЗ ШУД ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ОЛИМПӢ ОҒОЗ ШУД ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ОЛИМПӢ ОҒОЗ ШУД

19.06.2021

: 2274

Чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки ҳар сол 23 июн ҷашн гирифта мешавад, 19 июн бо баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз гардид.

Дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе сокинони касбу кори гуногуни пойтахт ба машқҳои пагоҳирӯзӣ машғул шуданд. Бо онҳо ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева машғулият гузаронд.

Ҳамчунин, дар робита ба Рӯзи олимпӣ, Бозиҳои олимпӣ, ҳаракати олимпӣ маҳфили саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳо ва сертификати Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар шаҳри Душанбе то 23 июн идома меёбанд.

Моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар бораи эълон кардани 23 июн ҳамчун Рӯзи олимпӣ қарор қабул шуд ва 73 сол мешавад, ки тамоми кишварҳо ин рӯзро ҷашн мегиранд.

23 июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса зимни Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барони фаронсавӣ Пйер де Кубертен суханронӣ намуда, ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард, инчунин Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфт. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.

Чорабиниҳои асосии Рӯзи олимпӣ марафони дав ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз, ҳамчунин мусобиқаҳои дигари варзишӣ, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, шоу-барномаҳо, мулоқот бо қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва ғайра баргузор мешаванд.