Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДУШАНБЕ ЧОРАБИНИҲОИ ВЕЛОСИПЕДРОНИИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО МИЗБОНӢ МЕКУНАД

18.06.2021

: 674

18 июн Раиси шаҳри Душанбе, узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Ал-Шафар мулоқот карданд.

Зимни суҳбат масоили марбут ба велосипедронӣ ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид.

Қайд шуд, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо метавонад мизбонӣ намояд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки чорабинии байналмилалӣ “Tour de Tajikistan” нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Ҳадаф аз баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ муаррифии дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, пешниҳоди хатсайрҳои минтақавии сайёҳӣ, зебоиҳои табиати нотакрори ҷумҳурӣ маҳсуб мегардад.

Зимнан, барои дар сатҳи хуб ташкил намудани мусобиқоти варзишии сатҳи байналмилалӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот созмон дода, корҳои омодагиро роҳандозӣ намоянд.