Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТИМИ БОНУВОНИ ҶАВОНИ УЗБЕКИСТОН – ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021

ТИМИ БОНУВОНИ ҶАВОНИ УЗБЕКИСТОН – ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021 ТИМИ БОНУВОНИ ҶАВОНИ УЗБЕКИСТОН – ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021

18.06.2021

: 596

Бо пирӯзии мунтахаби Узбекистон чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни бонувони ҷавони то 20-сола анҷом ёфт.

Чемпионат 11-17 июн дар шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон сурат гирифт. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр доир гашт.

Дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон 10-холӣ гирифтанд, вале аз рӯи фарқияти голҳо бонувони Узбекистон ҷои аввалро сазовор шуданд. Медалҳои биринҷӣ насиби тими Қирғизистон шуд, ки 6 хол ба даст овард.

Тими мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Илдар Раҳмонов дар ҳар чор бозӣ муқобили дастаҳои Эрон (0:3), Афғонистон (0:1), Қирғизистон (0:1) ва Узбекистон (1:7) мағлуб гардида, дар ҷои охири ҷадвал қарор гирифтанд.

Зимни маросими ҷоизасупорӣ ҷоизаи «Fair play» насиби тими Тоҷикистон шуд. Ҷоизаи махсус ба дастаи Афғонистон тақдим гардид. Жасмина Абдуғаниева (Узбекистон) бо 7 гол беҳтарин нишонзан, Нигин Ғарибӣ (Эрон) беҳтарин бозингар дониста шуданд.

     Б     Ғ     М     Б     Т-Т      Х    
 1    Узбекистон      4  3  1  0  23-4  10
 2  Эрон  4  3  1  0  17-3  10
 3  Қирғизистон  4  2  0  2  8-7  6
 4  Афғонистон  4  1  0  3  1-22  3
 5  ТОҶИКИСТОН      4  0  0  4  1-14  0