Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ТАЕКВОНДО СОЛИ 2021 ДОИР НАМЕШАВАД

18.06.2021

: 699

Чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо-2021 дар Уси мавқуф гузошта шуд.

Созмони таеквондои ҷаҳонӣ (WT) гуфт, ки ин иқдом бо сабаби тасмими Чин дар бораи баргузор нашудани чорабиниҳои васеи байналмилалӣ дар соли равон ба иллати пандемияи коронавирус, сурат гирифтааст.

Қарор буд, чемпионат аз 12 то 18 октябр баргузор шавад, аммо санаи нави чорабинӣ баъдан эълон хоҳад шуд.

Ассамблеяи генералии WT, ки дар доираи Чемпионати ҷаҳон ба нақша гирифта шуда буд, дигар наметавонад рӯйдоди мустақим бошад, аммо интихобот рӯзи 11 октябр амалан доир хоҳад шуд, ки президент ва шӯро интихоб мегарданд.

"Мо бо ноумедии зиёд маҷбур шудем, ки Чемпионати ҷаҳонии таеквондоро ба таъхир андозем, аммо ин қарори дуруст аст, ба хотири таъмини амнияти ҳамаи иштирокчиён, - гуфтааст президенти WT Чонгвон Чоу. - Мо бо ҳаяҷони бештар чемпионати ҷаҳонро дар соли 2022 интизор мешавем. Дар ин миён мо бисёр рӯйдодҳои олиро шоҳид хоҳем гашт, алалхусус Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020. Мо 130 варзишгар аз 61 кишвар ва тими олимпии гурезаҳоро дорем, ки дар Бозиҳои олимпӣ ва 72 варзишгар аз 37 давлат дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат меварзанд”.