Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ АВВАЛИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2021 МИЁНИ БОНУВОН ДОИР ШУДАНД

12.06.2021

: 640

11 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни бонувони то 20-сола оғоз гардид.

Тими бонувони ҷавони Тоҷикистон дар аввалин бозӣ аз дастаи Эрон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Дар бозии дигар футболбозбонувони Узбекистон ба дарвозаи Афғонистон 11 голи беҷавоб заданд.

Бозиҳои даври дуюм имрӯз – 12 июн – доир мешаванд. Соати 18:00 бозӣ миёни дастаҳои Узбекистон – Қирғизистон оғоз мегардад. Соати 21:00 бошад, футболбозони Тоҷикистон ва Афғонистон ба майдон мебароянд.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати CAFA-2021 миёни бонувони ҷавон (U-20) дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок доранд. Дар доираи чемпионат 10 бозӣ доир мегардад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуда, дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    Узбекистон             1  1  0  0  11-0     3
 2  Эрон  1  1  0  0  3-0  3
 3  Қирғизистон  0  0  0  0  0-0  0
 4  ТОҶИКИСТОН  1  0  0  1  0-3  0
 5  Афғонистон  1  0  0  1  0-11  0