Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КБО ШАШ НАМУДИ ВАРЗИШРО ПУРРА ЭЪТИРОФ ХОҲАД КАРД

11.06.2021

: 738

Шӯрои иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) мувофиқи Хартияи олимпӣ пас аз баррасӣ шаш федератсияи байналмилалиро, ки муваққатан эътироф гардида буданд, барои барои эътирофи пурра ба иҷлосияи КБО пешниҳод намуд.

Федератсияҳои дахлдор инҳоянд:
- Иттиҳоди байналмилалии чирлидинг (ICU) - муваққатан соли 2016 эътироф шудааст;
- Федератсияи байналмилалии муайтай (IFMA) - муваққатан соли 2016 эътироф шудааст;
- Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) - муваққатан соли 2018 эътироф шудааст;
- Федератсияи байналмилалии Icestocksport (IFI) - муваққатан соли 2018 эътироф шудааст:
- Ассотсиатсияи ҷаҳонии ташкилотҳои кикбоксинг (WAKO) - муваққатан соли 2018 эътироф шудааст;
- World Lacrosse (WL) - муваққатан соли 2018 эътироф шудааст.

Пас аз гузаштани давраи эътирофи муваққатӣ, ин федератсияҳо нишон доданд, ки ҳамаи меъёрҳои дархостшударо иҷро кардаанд. Низомнома, амалия ва фаъолияти онҳо ба Хартияи олимпӣ мувофиқ аст ва онҳо Кодекси ҷаҳонии зидди допинг ва Кодекси ҳаракати олимпиро оид ба пешгирии сохтакории қувваозмоиҳо қабул ва амалӣ карданд.

Ғайр аз ин, ҳамаи онҳо мустақилияти худро дар идораи варзиши худ нигоҳ медоранд ва ба меъёрҳое, ки дар тартиби эътирофи намудҳои тобистона ва зимистонии варзиш аз ҷониби КБО зикр шудаанд, ҷавобгӯ мебошанд.

Махсусан, тартиби эътироф талаб мекунад, ки ҳадди аққал 50 федератсияи миллии вобаста ба намудҳои тобистона ва 25 федератсияи миллии вобаста ба намудҳои зимистонаи варзиш, аз ҳадди аққал се қитъа узфи федератсияи байналмилалӣ бошанд.

Иҷлосияи КБО, ки қабл аз Бозиҳои олимпӣ дар Токио доир мегардад, дар робита ба ин масъала бо тавсияи Шӯрои иҷроияи КБО қарор қабул хоҳад кард.

Ҳамаи намудҳои варзиш, ки КБО эътироф кардааст:

1.     Варзишҳои ҳавоӣ (парашутсаворӣ)

2.     Футболи амрикоӣ (муваққатан)

3.     Автомобилсаворӣ

4.     Бендӣ (Хоккей бо тӯб)

5.     Бейсбол-Софтбол (ба барномаи Токио-2020 ворид шуд)

6.     Билярд

7.     Боулес (мисли боулинг, бозӣ бо 7 саққо)

8.     Боулинг

9.     Бриҷ (қартабозӣ)

10. Чирлидинг (муваққатан)

11. Шоҳмот

12. Крикет

13. Рақси варзишӣ (Париж-2024)

14. Флорбол (хоккей дар толор)

15. Диски парон

16. Айсшток (муваққатан)

17. Каратэ (Токио-2020)

18. Кикбоксинг (муваққатан)

19. Корфбол

20. Лакросс (муваққатан)

21. life saving (Наҷоти одамон)

22. Мотосиклронӣ

23. Шухпаймоии кӯҳӣ

24. Муайтай (муваққатан)

25. Нетбол

26. Мавқеъҷӯӣ (orienteering)

27. Пелота васка

28. Поло (чавгонбозӣ бо асп)

29. Powerboating (сабқати киштиҳо дар баҳр)

30. Racquetball (теннис бо девор)

31. Бозӣ бо скейти чархдор (роллер спорт) (Токио-2020 ва Париж-2024)

32. Самбо (муваққатан)

33. Кӯҳгардӣ бо лижа

34. Шухпаймоии варзишӣ (дар толор) (Токио-2020 ва Париж-2024)

35. Скваш

36. Сумо

37. Сёрфинг (Мавҷбозӣ) (Токио-2020 ва Париж-2024)

38. Бандкашӣ

39. Бозиҳои таги об

40. Варзишҳои донишгоҳӣ

41. Лижатозӣ дар об

42. Ушу