Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР БОЗӢ МУҚОБИЛИ ИРОҚ ВА ТАЙЛАНД ЭЪЛОН ШУД

18.05.2021

: 678

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Усмон Тошев рӯйхати варзишгаронро муайян кард, ки барои омодагӣ ба бозиҳои рафиқона муқобили дастаҳои мунтахаби Ироқ (24 май, Басра) ва Тайланд (29 май, Дубай) даъват карда мешаванд.

Ҳайати миллии кишвар аз 25 бозингар иборат хоҳад буд – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар, 5 ҳамлагар. Аз ҷумла ба тими миллӣ 7 легионер даъват гардиданд – ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев (“Бунёдкор”, Узбекистон), Табрези Давлатмир (“Нарва Транс”, Эстония), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев (“Локомотив”, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Узбекистон), Комрон Турсунов (“ТРАУ”, Ҳиндустон), ҳамлагарон Шериддин Бобоев (“Пенанг”, Малайзия) ва Шаҳром Самиев (“Динамо-Авто”, Молдова).

Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дарпешистода 20-уми май дар Душанбе шуруъ мекунад. 22 май ҳайати даста барои бозии рафиқона бо тими миллии Ироқ ба Басра сафарбар мегардад. Пас аз бозӣ ҳайати даста ба АМА мераванд дар Шарҷа бо тими миллии Тайланд вомехуранд.

Баъдан тими миллии Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон сафарбар мегардад ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) анҷом медиҳад.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои рафиқона муқобили дастаҳои мунтахаби Ироқ (24 май) ва Тайланд (29 май)

Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)
Шоҳрух Қирғизбоев («Куктош»)

Ҳимоятгарон:
Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон)
Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)
Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»)
Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)
Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Алиҷон Кароматуллозода (КМВА)

Нимҳимоятгарон:
Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон)
Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)
Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон)
Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)
Ислом Зоиров («Истиқлол»)
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»)
Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе)
Алиҷони Айнӣ (озод)

Ҳамлагарон:
Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия)
Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Рустам Соиров («Истиқлол»)
Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»)

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).