Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ШАҲРИЁР ДАМИНОВ ҶОМИ ҶАҲОН-2 ШИРКАТ МЕКУНАД

18.05.2021

: 669

Варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар дуюм марҳилаи Ҷоми ҷаҳонии каноэ ширкат мекунад.

Чорабинӣ 20-23 май дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия баргузор мешавад.

Рӯзи аввал варзишгарон барои 6 роҳхати олимпӣ, аз ҷумла Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С-1) дар масофаи 1000 метр, сабқат мекунанд. Варзишгароне, ки дар шаш мусобиқа – С-1 200 метр, К-1 200 метр, К-1 500 метр (бонувон), К-1 200 метр, К-1 1000 метр, С-1 1000 метр (мардон) – ҷои аввалро сазовор мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо менамоянд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии каноэ иштироки беш аз 400 варзишгар аз 58 давлат дар назар аст.

Шаҳриёр Даминов аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдор буда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош мекунад.

Ҳамчунин, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои такмили ихтисоси доварону мураббиёни қайиқронӣ ва омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 моҳи июни соли 2019 курсҳои техникӣ барои мураббиёни қайиқрониро бо ҷалби коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Аднан Алиев аз Булғористон доир намуда, мураббӣ Зоҳирҷон Набиевро ба курси омӯзишии думоҳаи байналмилалӣ ба Будапешт сафарбар намуд.