Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҚУРЪАКАШИИ МАРҲИЛАИ МУҚАДДАМОТИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2021 ДОИР ШУД

16.05.2021

: 615

15 май дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2021 баргузор шуд.

Дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2021 12 дастаи лигаи якум иштирок мекунанд, ки дар натиҷаи қуръакашӣ шаш ҷуфтро ташкил доданд: “Моҳир” – “Барқчӣ”, “Саройкамар” – “Ваҳдат”, “Панҷшер” – “Равшан” (Зафаробод), “Динамо” – “Ҳулбук”, “Пахтакор” – “Ҳосилот”, “Регар-ТадАЗ” – “Исфара”.

Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми миллӣ аз як бозӣ иборат буда, 21-22 май баргузор мешавад. Ғолибони ҷуфтҳо ба даври 1/8-финал роҳ меёбанд ва бо дастаҳои лигаи олӣ муборизаро мдома медиҳанд.

Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2021 ҳуқуқ пайдо мекунад, ки кишварамонро дар Ҷоми КФО-2022 намояндагӣ кунад. Дар сурате ки чемпиони Тоҷикистон ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон як даста бошад, дар Ҷоми КФО-2022 барандаи медалҳои биринҷии лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.