Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 43000 НАФАР ДОИР ШУД

ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 43000 НАФАР ДОИР ШУД ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 43000 НАФАР ДОИР ШУД ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 43000 НАФАР ДОИР ШУД ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 43000 НАФАР ДОИР ШУД ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 43000 НАФАР ДОИР ШУД

16.05.2021

: 722

16 май дар ҷумҳурӣ Дави миллӣ баргузор шуд. Дар шаҳри Душанбе беш аз 43000 нафар дар ин тадбири саломатӣ ширкат карданд.

Дави миллӣ 14-ум маротиба аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи Дави миллӣ 28 марти соли 2007, №225 ба тасвиб расида, аввалин Дави миллӣ бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 доир гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ таъмини оммавияти варзиш байни сокинон, новобаста ба синну сол, саломатии аҳолӣ ва рушди варзиш мебошад.

Чун анъана иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе дар масири маҳаллаи Чорбоғ – Наврӯзгоҳ, ки масофаи 10 километрро ташкил медиҳад, давиданд.

Соли гузашта бо сабаби авҷи бемории коронавирус Дави миллӣ баргузор нашуда буд.