Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР “TEL AVIV GRAND SLAM” ШИРКАТ МЕКУНАНД

15.02.2021

: 945

18-20 феврал дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел Авив мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо – “Tel Aviv Grand Slam” баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа иштироки 437 варзишгар (254 мард, 183 зан) аз 63 давлат дар назар аст.

Аз ҷумҳурии мо 6 варзишгар ба Тел Авив сафарбар мегарданд: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100кг).

Чун анъана дар рӯзи аввал – 18 феврал – қувваозмоиҳои вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон сурат мегирад. Дар рӯзи дуюм паҳлавонони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон майдондорӣ мекунанд. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78 миёни бонувон анҷом меёбад.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони “Tel Aviv Grand Slam” дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим карда мешавад. Барои ғолибон 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ дар назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин, варзишгарон вобаста ба мавқеашон соҳиби холҳо мегарданд, ки аз рӯи он радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ шакл мегирад. Аз ҷумла варзишгароне, ки ҷои аввалро мегиранд, 1000 хол, ҷои дуюм – 700 ва ҷои сеюм 500 хол ба даст меоранд. Ёдовар мешавем, ки дар намуди ҷудо варзишгарон танҳо аз рӯи радабандии олимпӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро пайдо мекунанд. То анҷоми марҳилаи интихобӣ – 28 июни соли 2021 – 22 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

Ин дуюм мусобиқа аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар Доҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои ҷудо баргузор гардид, ки дар он аз кишвари мо се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа Темур Раҳимов нишон дод – ӯ дар вазни +100кг ҷои панҷумро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.