Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶОМИ ФФТ-2021: ДАР НИМФИНАЛ “ИСТИҚЛОЛ” БО “РЕГАР-ТАДАЗ”, “ХАТЛОН” БО “РАВШАН” ВОМЕХУРАНД

15.02.2021

: 746

Ҷуфтҳои даври нимфинали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 муайян гардиданд.

15 феврал марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ФФТ-2021 анҷом ёфт. Ҷои аввалро дар гурӯҳи “А” тими “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар даври ҷамъбастӣ ба дарвозаи “Равшан” чор голи беҷавоб зад, сазовор шуд.

Охирин иштирокчии даври нимфинал дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода гардид, ки дар даври сеюм тими “Барқчӣ”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

Ҳамин тариқ, дар нимфинали Ҷоми ФФТ-2021, 17 феврал, “Истиқлол” бо “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” бо “Равшан” бозӣ мекунанд. Қисмати финали мусобиқа 20-уми феврал баргузор мешавад.