Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТОМАС БАХ: “ҲЕҶ АСОСЕ БАРОИ БАРГУЗОР НАШУДАНИ ТОКИО-2020 НЕСТ”

22.01.2021

: 914

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах изҳор доштааст, ки “ҳеҷ асосе мавҷуд нест, ки сабаби баргузор нашудани Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 август гардад”.

Бах ин изҳоротро дар мусоҳиба бо “Kyodo News”-и Ҷопон дар ҳоле иброз дошт, ки тахминҳо дар бораи баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии имсола зиёд мешаванд.

“Мо дар ҳоли ҳозир ҳеҷ асосе надорем, ки бовар кунем, Бозиҳои олимпӣ дар Токио рӯзи 23 июл дар Варзишгоҳи олимпии Токио боз нахоҳанд шуд, - гуфтааст ӯ. - Ин аст, ки чаро нақшаи “B” вуҷуд надорад ва аз ин рӯ мо комилан саъй дорем, ки бозиҳоро бехатар ва муваффақ доир намоем".

Нигаронӣ аз сарнавишти бозиҳо, ки бори аввал бо сабаби пандемияи COVID-19 як сол ба таъхир гузошта шуд, аз соли нав шиддат гирифт.

Ин ба афзоиши ҳолатҳои коронавирусӣ дар якчанд кишвар, аз ҷумла Ҷопон вобаста аст, ки асосан вариантҳои интиқолёфтаи COVID-19 мебошанд.

Дар натиҷа, Сарвазири Ҷопон Йошиҳидэ Суга маҷбур шуд, ки дар якчанд минтақа, аз ҷумла дар пойтахти Токио, вазъи фавқулодда ҷорӣ кунад.

Як пурсиши ахири “Kyodo News” нишон дод, ки тақрибан 80 фоизи мардуми Ҷопон мехоҳанд, ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токио имсол низ лағв карда шаванд ё ба таъхир гузошта шаванд, ҳамчунин даъватҳо барои таҳвили Токио-2020 ба соли 2024 низ садо додаанд.

Новобаста ба ин, Томас Бах барои баргузории бозиҳои муваффақ хушбин аст, аммо иқрор мешавад, ки шумораи мухлисон дар варзишгоҳҳо шояд маҳдуд карда шавад.

Сарвазири Ҷопон Йошиҳидэ Суга низ қавл додааст, ки пандемияи коронавирусро ҳарчи зудтар таҳти назорат қарор дода, имсол Токио-2020-ро доир мекунанд.

Агар бозиҳо бомуваффақият гузарад, як қатор чораҳои зидди коронавирус амалӣ хоҳанд шуд. Ба ин варзишгарон дохил мешаванд, ки на дертар аз панҷ рӯз пеш аз рақобаташон ба Деҳаи олимпӣ омада, ҳадди аксар пас аз ду рӯзи мусобиқаашон хориҷ мешаванд ва коҳиши эҳтимолии иштирокчиён дар маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавӣ низ дар назар гирифта шудааст.

Томас Бах дар суханрониаш моҳи ноябри соли гузашта, варзишгаронро ташвиқ кард, ки қабл аз Олимпиада ваксинаи COVID-19 қабул кунанд, аммо исрор намуд, ки ин барои вуруд ба бозиҳо талабот нахоҳад буд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Феълан ду варзишгари мо – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс ба бозиҳо роҳхат гирифтаанд.