Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҲАРИФОНИ МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР “ҶОМИ РУШД-2021” МУАЙЯН ШУД

20.01.2021

: 899

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” бо тимҳои мунтахаби наврасони Булорус, Қазоқистон ва Молдова вомехурад.

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад.

Барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Белорус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск

1-ум давр
31 январ (якшанбе)
14:00. Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН
17:30. Белорус – Молдова

2-юм давр
3 феврал (чоршанбе)
14:00. ТОҶИКИСТОН – Молдова
17:30. Белорус – Қазоқистон

3-юм давр
6 феврал (шанбе)
14:00. Молдова – Қазоқистон
17:30. Белорус – ТОҶИКИСТОН

Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.