Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии тими ҷавонони Тоҷикистон бар Эрон

25.12.2020

: 749

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-19) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар як бозии рафиқона дар шаҳри Душанбе бар мунтахаби ҷавонони Эрон ғалаба кард.

Бозӣ рӯзи 24-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид. Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Абдулмуъмин Забиров ва Шаҳром Самиев заданд.

Бозии рафиқона
ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19) – 2:1
Голҳо: Алӣ Субҳонӣ, 56 (0:1). Абдулмуъмин Забиров, 73 – аз пеналти (1:1). Шаҳром Самиев, 86 (2:1).

ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Алиҷон Кароматуллозода, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Муҳаммад Саломзода, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 79), Озодбек Панҷиев (Ҷонибек Шарипов, 46), Ислом Зоиров (Сунатулло Исмоилов, 82), Рустам Соиров (Шоҳрух Сангов, 64), Шаҳром Самиев.