Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

5 медали самбочиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон

21.12.2020

: 802

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Харлампиев панҷ медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқа 18-19 декабр бо иштироки варзишгарони 15 давлат дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия доир гашт. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар - Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Алимуҳаммад Алиев (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг), Осмонбек Қуқаниев (+100 кг) оид ба самбои варзишӣ, Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) оид ба самбои размӣ сафарбар гардида буданд.
Чор варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа панҷ медали биринҷӣ ба даст оварданд. Алимуҳаммад Алиев дар самбои варзишӣ ва самбои размӣ, дар вазни -57 кг ду медали биринҷӣ ба даст овард. Деваштич Убайдӣ дар самбои варзишӣ (-74 кг) ҷои сеюмро соҳиб шуд. Ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни -68 кг ва Осмонбек Қуқаниев дар вазни +100 кг дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ сазовор гардиданд.