Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МҶМОВ-2 – ғолиби Чемпионати Тоҷикистон (U-13)

20.10.2020

: 782

Дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе қисмати финалии Чемпионати Тоҷикистон миёни наврасони то 13-сола ба анҷом расид.

Дар мусобиқа 10 даста ширкат карданд, ки ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Дар гурӯҳи “А” МҶМОВ (Душанбе), “Суғд-2” (вилояти Суғд), “Ҳулбук” (Восеъ), ММВЗО “Фирдавс” (Душанбе) ва “Бешкент” (Носири Хусрав), дар гурӯҳи “Б” бошад, дастаҳои “Суғд-1” (вилояти Суғд), “Хатлон” (Бохтар), МҶМОВ-2 (Душанбе), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) ва “Поиск” (Душанбе) миёни ҳам бозӣ карданд.
Дар асоси низомномаи мусобиқа пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳое, ки дар гурӯҳ ҷойҳои якуму дуюмро ишғол намуданд, ба нимфинал роҳ ёфтанд. Сипас, ғолибони даври нимфинал дар финал ва мағлубон барои ҷои сеюм бозиро идома доданд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм футболбозони навраси Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе бар тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 3:1 ғалаба карданд. Дар бозии ниҳоӣ ду дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе вохурданд. Бозӣ бо пирӯзии дастаи дуюми МҶМОВ хотима ёфт.