19.10.2020
: 942
Имрӯз – 19 октябр – Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҳендбол миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ шуд.
Ба иттилои раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, пас аз ҷамъбасти бомуваффақи лигаи ҷавонон, ки чанде пеш сурат гирифт, тасмим гирифтем, бозиҳоро миёни дастаҳои лигаи олӣ роҳандозӣ кунем.
Дар лигаи олӣ 10 даста – “Марко Поло” (Душанбе), “Ҳисор” (Ҳисор), “Сарез” (ВМКБ), “Душанбе” (Душанбе), КМВА (Душанбе), “Пагрансӣ” (Панҷ), “Ҳамадонӣ” (Ҳамадонӣ), “Сокол” (Душанбе), “Скиф” (Душанбе) ва “Парвоз” (Душанбе) ширкат мекунанд.
Дар рӯзи аввал вохурии дастаҳои “Марко Поло” – “Сокол” ва “Ҳисор” – “Скиф” дар назар аст.