Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими футзали Тоҷикистон омодагиро ба ЧО-2020 шуруъ кард

06.10.2020

: 863

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Александр Дзабирадзе омодагиро ба қисмати финалии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 2 то 13 декабр дар Кувейт баргузор мешавад, оғоз кард.

Сармураббии мунтахаби футзали кишвар Александ Дзабирадзе ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ, ки то 10 октябр идома меёбад, 18 бозингар – 3 дарвозабон, 15 бозингари майдон – даъват кардааст.
Ёдрас мешавем, ки дар 16-ум Чемпионати Осиё оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби Туркманистон, Ветнам ва Уммон ҳастанд.
Панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 ба 9-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал, ки соли оянда дар Литва доир мешавад, роҳхат мегиранд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар ҶМТ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Муродулло Алиқулов («Соро компания»), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»);
Бозингарон: Муҳаммад Шарипов, Умед Кузиев, Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гуляков, Баҳодур Хоҷаев, Иқбол Воситзода, Парвиз Раҳматов, Алишер Сафаров (ҳама аз «Сипар»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳар ду аз «Муҳоҷир»).
Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).