Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пас аз 7 моҳ: Grand Slam Hungary доир мешавад

08.10.2020

: 1193

Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузории мусобиқаи Гранд слами Венгрияро охири моҳи октябр (23-25) дар шаҳри Будапешт тасдиқ кард.

Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визер гуфтааст: “Ин рӯйдоди таърихӣ барои ҷаҳони ҷудо ва варзиш аст. Мо бо беқарорӣ интизорем, ки мусобиқаи Гранд сламро баргузор кунем, албатта бо қоидаи муқарраршуда ва риояи қатъии чораҳои ҳифзи саломатӣ ва бехатарӣ. Мехоҳам ба ҳама сидқан ташаккур гӯям, ки дар давраи барои ҳама душвор заҳмат кашиданд. Мо бояд бо Covid-19 мутобиқ шавем ва беҳтар чӣ аст, ки инро мо бо бозгашт ба сайри ҷаҳонии ҷудо нишон диҳем. Мо ҳамаи корро, ки бар уҳдаамон аст, иҷро мекунем, то варзишгарон тавонанд фаъолияти варзишиашонро дубора оғоз кунанд ва худашонро нишон диҳанд”.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Гранд слами Будапешт 649 варзишгар аз 81 давлат иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумҳурии мо 5 нафар – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комороншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов (+100кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) ба Будапешт сафарбар хоҳанд шуд.