Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ифтитоҳи қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”

Ифтитоҳи қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” Ифтитоҳи қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” Ифтитоҳи қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”

15.09.2020

: 873

14 сентябр дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, гӯштини самбо ва намудҳои дигари варзиши миллӣ ба роҳ монда шудааст.
Лоиҳаи иншооти варзишӣ бо дарназардошти унсурҳои меъморӣ, ороиши хосаи замони муосир ва фароҳам овардани шароити меъёрии машғул шудани наврасону ҷавонон ба машқу тамрин, баргузории чорабинию мусобиқаҳои варзишӣ таҳия гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, дар бунёди иншоот 10 нафар сохтмончии ватанӣ малака ва донишу таҷрибаи хешро истифода намудаанд.
Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 880 метри муррабаъро ташкил дода, аз як ошёна иборат мебошад.
Дар толори асосӣ ду ҷой барои тамрин, баргузории мусобиқаҳо мавҷуд буда, барои тамошои машғулиятҳову мусобиқаҳои варзишӣ барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.
Дар маҷмааи варзишӣ барои машғул шудани то 100 нафар варзишгар ба машқу тамрин шароит фароҳам гардидааст ва ҳамзамон ҳуҷраҳои истироҳатию либосивазкунӣ низ мавчуд мебошад.
Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” бо мақсади оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба обу тоби бадан бунёд гардидааст.
Сарвари давлат зимни боздид аз қасри “Паҳлавонони суғдӣ” ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ айни замон 7 варзишгоҳ, 41 толори варзишӣ, 21 майдончаи муосири варзишӣ ва як ҳавзи шиноварӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 600 нафар варзишгар, дар қатори онҳо 55 нафар бону дар назди устодони соҳа аз рӯӣ намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин менамоянд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ намудҳои гуногуни варзиш рушд карда, ҷавонону наврасон ба футбол, волейбол, баскетбол, гӯштин ва чавгон майлу рағбати зиёд дошта, дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, дар баробари дастовардҳо ба мақоми устоди варзиш комёб гардидаанд.
Сокинон ва ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ бунёди чунин қасри зебою замонавиро ғамхории навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли оянда арзёбӣ намуданд.