Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд

16.09.2020

: 845

Бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба анҷом расид. Дар баробари дастаҳои “Равшан” ва “Хатлон” тимҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.

Дар чорякфинал “Регар-ТадАЗ” бар тими “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам хет-трик анҷом дод. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба номаш сабт кард.
Дар бозии дигар “Истаравшан” пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра “Куктош”-ро мағлуб намуд. Вақти асосии дидор мусовӣ анҷом ёфт – 0:0. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад кард – 5:4.
Ҳамин тариқ, дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр “Равшан” бо “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” бо “Истаравшан” вомехуранд.