Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии ҷавонони тоҷик бар ҳамсолони узбекистониашон

07.09.2020

: 3589

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-19) дуюм бозии рафиқонаро бо тими ҷавонони Узбекистон доир кард.

Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор ва бо ғалабаи тими ҷавонони Тоҷикистон анҷом ёфт – 4:1. Голҳоро дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони мо Абдулмуъмин Забиров (аз пеналтӣ), Салам Ашурмамадов, Рустам Соиров ва Сунатулло Исмоилов заданд.
Қаблан дар аввалин бозии рафиқона, ки 3 сентябр доир гардида буд, тими ҷавонони Узбекистон пирӯзӣ ба даст оварда буд – 1:0.