Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Сипар” – ғолиби қисмати аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон

04.09.2020

: 941

Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд, дар бозии хонагӣ бар тими “Муҳоҷир” бо ҳисоби 7:4 пирӯз шуда, як давр қабл аз анҷом ғолиби қисмати аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон гардид. Дар 9 бозӣ дастаи шаҳри Хуҷанд 25 хол ба даст овард.

Дар баробари “Сипар” дастаи шаҳри Душанбе - “Соро компания” ба даври нимфинал роҳхат гирифт. Тими Душанбе дар даври нуҳум бар дастаи “Самандар”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 15:1 пирӯз шуд ва бо 22 хол дар ҷадвали мусобиқа ҷои дуюмро ишғол кард.
Дар бозии дигар “Истаравшан” дар шаҳри Кӯлоб дастаи маҳаллии “Равшан”-ро мағлуб намуд – 11:7.
Дар даври ҷамъбастӣ 6 сентябр “Сипар” бо “Равшан”, “Муҳоҷир” бо “Самандар” ва “Истаравшан” бо “Соро компания” вомехуранд.

   ДАСТАҲО                                      Б           Ғ           М           Б          Т-Т               Х       
 1      "Сипар" (Хуҷанд)  9  8  1  0  68-22  25
 2  "Соро компания" (Душанбе)  9  7  1  1  78-15  22
 3  "Муҳоҷир" (Душанбе)  9  4  0  5  46-50  12
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)  9  4  0  5  64-68  12
 5  "Рашан" (Кӯлоб)  9  2  0  7  42-79  6
 6  "Самандар" (Турсунзода)  9  1  0  8  36-100  3