Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Осиё оид ба бокс ба соли 2021 гузаронида шуд

19.08.2020

: 882

Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки бояд моҳҳои ноябр-декабр дар Ҳиндустон баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи COVID-19, ба соли оянда гузаронида шуд. Дар ин бора котиби генералии Федератсияи бокси Ҳиндустон Ҷей Коулӣ хабар додааст.

Дар ин бора ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бокси Осиё, ки 17 август тариқи фосилавӣ доир гашт, қарор қабул намуд. Ҳиндустон мизбони мусобиқа боқӣ мемонад.
Санаи дақиқи баргузор шудани чорабинӣ дар ҷаласаи навбатии кумитаи иҷроияи Конфедератсияи бокси Осиё моҳи ноябр муайян мегардад.

“Конфедератсияи бокси Осиё тасмим гирифт, ки имсол имкон дорад фақат як мусобиқаро моҳи ноябр дар Чин доир намояд ва дар он беҳтарин муштзанҳо иштирок хоҳанд кард. Вале ин танҳо дар нақша аст, шояд мусобиқа сурат гирад, шояд не”, - гуфтааст Коулӣ.