Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозии рафиқонаи АМА-Тоҷикистон ба вақти дигар гузаронида шуд

19.08.2020

: 858

Бозии байналмилалии рафиқона миёни мунтахабҳои миллии АМА ва Тоҷикистон, ки 6-уми сентябр ба нақша гирифта шуда буд, ба вақти дигар гузаронида шуд.

Бо дархости Ассотсиатсияи футболи АМА, ки ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ирсол намуд, бозии рафиқонаи тимҳои миллии ду кишвар на 6 сентябр, балки моҳҳои октябр ё ноябр баргузор хоҳад шуд.
Акнун ба ҷои ду бозии рафиқонаи пешбинишудаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи сентябр як бозӣ доир хоҳад шуд. 3-юми сентябр мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд бо тими мунтахаби Узбекистон вомехурад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон муқобили Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳҳои октябр ва ноябр ба нақша гирифта шуда буд, бо қарори FIFA ва AFC ба соли 2021 гузаронида шуд.