Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таҷлили ғайриоддии Рӯзи олимпӣ-2020 дар ҷаҳон

22.06.2020

: 85

Рӯзи олимпӣ-2020 барои олимпичиён, варзишгарон ва ҳаводорони варзиш имкон фароҳам меоварад, ки дар чорабинии бузурги тамрини олимпии 24-соата (видеоӣ) иштирок кунанд.

23 варзишгар ба сабти видеоии тамринҳо дар Рӯзи олимпӣ пайвастаанд ва дар Рӯзи олимпӣ варзишгарон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон машқҳои мустақим мегузаронанд. Тамринҳо дар нишонии @olympics Instagram live қобили тамошо мебошад.
Баъд аз он ки пандемияи COVID-19 ҷаҳонро ба хонанишинӣ маҷбур кард ва боиси баргузор нашудани Бозиҳои олимпии Токио-2020 гашт, наздики 5000 олимпичӣ дар 54 давлат 243 миллион нафарро ба иқдомҳои #StayStrong, #StayActive, #StayHealthy-и Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷалб карданд. Иштирокчиён машқҳои ҳаррӯзаашонро намоиш дода, доир ба чӣ гуна саломатии тану рӯҳи худро нигоҳ доштан машваратҳо медоданд. Рӯзи олимпӣ-2020 ин иқдомро ба сатҳи нав хоҳад расонд.  
“Таҷлили Рӯзи олимпӣ шояд аз ҷашнҳои солҳои гузашта фарқкунанда бошад, вале Рӯзи олимпии имсола аз қувваи варзиш, ки ба ҳамагон умед ва бовариро мебахшад, паём медиҳад, - гуфтааст президенти КБО Томас Бах. – Биёед, муттаҳид мешавем, то қувваи варзишро барои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио ҳамчун лаҳзаи ҳамбастагӣ ва устувории инсоният истифода барем”.  
Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон низ бе чорабиниҳои оммавӣ таҷлил мешавад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба варзишгарони маъруфи кишвар туҳфаҳо расонида, бо ҷараёни машқу тамрини онҳо дар шароити хона шинос мешаванд. Ҳамчунин, 40 нафар собиқадори соҳаи варзиш аз туҳфаҳои Кумитаи миллии олимпӣ баҳравар хоҳанд шуд. Шоми 23 июн бошад, дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур дар Боғи Куруши Кабири пойтахт бахшида ба Рӯзи олимпӣ аксияи “Солим ва фаъол бош!” доир гардида, ба боздидкунандагон ниқобҳои тиббии ройгон ва буклетҳои таблиғотӣ дастрас карда мешавад.
23 июни соли 1894 Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфтааст ва аз соли 1948 ин рӯз дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи олимпӣ ҷашн гирифта мешавад.