Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Аввалин бохти “Хатлон” дар мавсими нави футбол

22.06.2020

: 1011

Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

20 июн мухлисон шоҳиди ду бозии давр гардиданд. “Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ ба дарвозаи тими “Истаравшан” 8 голи беҷавоб зад. Алишер Ҷалилов ду гол, Шериддин Бобоев, Алексей Ларин, Рустам Соиров, Вахит Оразсахедов, Манучеҳр Ҷалилов ва Эҳсони Панҷшанбе якголӣ ба номашон сабт карданд.
Дар бозии дигар “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бар тими “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ ғолиб омад – 3:0. Дилшод Бозоров ду гол, Амирҷон Сафаров як гол ба ҳадаф расонданд.
21 июн се бозии дигари даври шашум баргузор шуд. КМВА дар майдони худ бар дастаи “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари тими меҳмон Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Ба голи задаи ӯ бозингарони тими артиш Шодибек Ғаффоров ва Бахтиёр Қаландаров бо ду гол ҷавоб доданд. Воқеан, ин аввалин бохти “Хатлон” дар мавсими нав аст. То имрӯз дар 4 бозӣ ғалаба ва як бозиро мусовӣ карда буд.
Дастаи нави лигаи олӣ – “Душанбе-83” бар тими “Куктош” пирӯз шуд - 2:1. Далер Ёдгоров дар дақиқаи 38-ум “Куктош”-ро ба пеш баровард. Душанбегиҳо тавассути голҳои Элчибек Рашидбеков ва Идрис Амин дар дақиқаҳои 71 ва 88-ум соҳиби се хол гардиданд.
“Регар-ТадАЗ” низ дар сафар бар тими “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои тими шаҳри Турсунзодаро Ёқубҷон Ахмедов, Доробҷон Эргашев ва голи роҳиоҳанчиёнро Ҳаким Ҳасанов заданд.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии шаш даври бозиҳо “Истиқлол” бо 16 хол пешсафи ягонаи чемпионат гардид. “Хуҷанд” ва “Хатлон” бо 13-холӣ дар ҷои дуюму сеюм мавқеъ доранд.
Даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 27-28 июн баргузор мешавад. Рӯзи шанбе «Хатлон» бо «Файзканд», «Куктош» бо КМВА, «Истаравшан» бо «Локомотив-Помир» ва рӯзи якшанбе «Регар-ТадАЗ» бо «Душанбе-83» ва «Хуҷанд» бо «Истиқлол» вомехуранд.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО     Б      Ғ      М      Б      Т-Т    Х  
 1  "Истиқлол" (Душанбе)      6  5  1  0  31-4    16  
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  6  4  1  1  13-7  13
 3  "Хатлон" (Бохтар)  6  4  1  1  12-9  13
 4  "Файзканд" (Восеъ)  6  2  3  1  8-9  9
 5  "Куктош" (Рӯдакӣ)  6  2  2  2  7-9  8
 6  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)     6  2  1  3  10-13    7
 7  КМВА (Душанбе)  6  2  1  3  8-10  7
 8  "Душанбе-83" (Душанбе)  6  2  1  3  4-11  7
 9  "Локомотив-Помир" (Душанбе)     6  1  1  4  7-11  4
 10  "Истаравшан" (Истаравшан)  6  0  0  6  4-21  0