Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ - 2021 дар Тайланд доир мешавад

28.04.2020

: 151

Миёни Шӯрои олимпии Осиё ва шаҳри мизбони Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ дар соли 2021, ки дар Тайланд баргузор мешавад, шартнома ба имзо расид.

Бангкок ва Патайа дар вилояти Чонбурӣ 6-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размиро аз рӯи 24 намуди варзиш қабул хоҳанд кард. Бангкок соли 2005 аввалин Бозиҳои осиёии дохили толор ва соли 2009 Бозиҳои осиёии ҳунарҳои размиро (ҳар ду бозиҳо соли 2013 муттаҳид карда шуданд) мизбонӣ кардааст.
Маросими имзои шартнома тариқи видеоконфронс сурат гирифт. Ҷониби Тайланд санадро имзо карда, тариқи емайл ба қароргоҳи Шӯрои олимпии Осиё фиристод, ин ҷо раиси Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ шартномаро имзо карда, дубора дар шакли электронӣ ба Кумитаи олимпии Тайланд ирсол намуд.
Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ бо таассуф изҳор намуд, ки бо сабаби бемории ҳамагири COVID-19 натавонистанд шартномаро дар ҳузури якдигар ба имзо расонанд.
“Мо якҷо кор мекунем, то тақвими чорабиниҳоямон идома ёбад, новобаста ба ҳолати имрӯзаи ҷаҳон, зеро ин вазифаи мост”, - иброз намуд Шайх Аҳмад.
5-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ соли 2017 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор шуда буд, ки Тоҷикистон дар ҳайати 126 варзишгар ширкат карда, 51 медал – 3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ – ба даст овард. Кишвари мо, ҳамчунин дар 4-ум Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ соли 2013 дар Инчони Корея дар ҳайати 23 варзишгар ширкат кардааст ва варзишгаронамон сазовори 4 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ - шудаанд.