Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ғолибони мусобиқот дар доираи лоиҳаи “Варзиш барои ҳама”

28.04.2020

: 344

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар доираи лоиҳаи “Варзиш барои ҳама”-и Ҳамбастагии олимпӣ миёни ҷавонон мусобиқаҳо оид ба варзиши сабук, гуштини миллӣ ва шоҳмот баргузор шуд.

Лоиҳа ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019 бобати рушди намудҳои гуногуни варзиш амалӣ шуд.
Ба мусобиқаҳо ҷавонон – дӯстдорони варзиш аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Ваҳдат ва Ҳисор ҷалб гардиданд. Мақсад аз амалӣ кардани лоиҳа ҷалби ҷавонон ба варзиш, эҳсос кардани лаззати чемпионӣ ва дарёфти чеҳраҳои болаёқат мебошад.
Мусобиқаи варзиши сабук аз рӯи ду қувваозмоӣ – 100 метр миёни бонувон ва 800 метр миёни писарон сурат гирифт. Миёни бонувон дар дав ба масофаи 100 метр 10 нафар сабқат карданд ва се ҷои аввалро намояндагони шаҳри Душанбе ба даст оварданд. Зулфия Зоҳирова бо натиҷаи 14,1 сония ҷои аввал, Амал Нигматова бо натиҷаи 14,2 сония ҷои дуюм, Омина Амирализода бо натиҷаи 14,9 сония ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи дав ба масофаи 800 метр миёни писарон 14 нафар иштирок карданд. Дар ин қувваозмоӣ низ ҷойҳои ифтихориро намояндагони пойтахт сазовор шуданд. Шоҳрух Забиров бо натиҷаи 2.10,4 ҷои аввалро соҳиб шуд. Комрон Аминов бо натиҷаи 2.11,5 мақоми дуюм, Бобоҷон Яқинов бо натиҷаи 2.12,1 ҷои сеюмро ишғол карданд.
Мусобиқаи шоҳмот дар ҳайати даставӣ (5 даста) миёни писарон ва духтарон баргузор шуд. Дар натиҷаи рақобатҳои шадид, ҷои аввалро дастаи Душанбе бо 19 хол ба даст овард. Ҳисор-2 бо 15 хол ҷои дуюм, Бохтар бо 9 хол ҷои сеюмро сазовор шуданд.
Мусобиқаи гуштини миллӣ аз рӯи 10 категорияи вазнӣ миёни писарон сурат гирифт. Дар он 80 нафар дар ҳайати чор даста ширкат намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд ва чунин натиҷа ба даст омад:

Вазни -55кг
1. Маҳмадшарифҷони Саймурод (Ваҳдат)
2. Алишер Ғафуров (Душанбе)
3. Барзу Баҳодуров (Ҳисор)
3. Саидшо Кароматов (Бохтар)

Вазни -60кг
1. Ҳайталӣ Инабиев (Бохтар)
2. Абдураҳмон Ҳайдаров (Ваҳдат)
3. Аҳмад Аюбов (Ҳисор)
3. Тоҳирҷон Элмуродов (Душанбе)

Вазни -65кг
1. Ҳамза Боқиев (Бохтар)
2. Дилшод Азизов (Ваҳдат)
3. Расул Каҷаков (Ҳисор)
3. Аҳмадшоҳ Файзов (Душанбе)

Вазни -70кг
1. Исфандиёр Давлатов (Бохтар)
2. Сайриддин Ашӯров (Ҳисор)
3. Алихон Ализода (Душанбе)
3. Билол Икромов (Ваҳдат)

Вазни -75кг
1. Бахтиёр Қурбонализода (Бохтар)
2. Роғиб Раҳимов (Ваҳдат)
3. Саид Абдусамадов (Ҳисор)
3. Суҳайл Сафаров (Душанбе)

Вазни -80кг
1. Қоим Шукронов (Душанбе)
2. Саъдулло Зоиров (Ваҳдат)
3. Алӣ Абдуллоев (Ҳисор)
3. Фирӯз Раҳимов (Бохтар)

Вазни -85кг
1. Улуғбек Иброҳимов (Бохтар)
2. Асламхони Акрам (Душанбе)

Вазни -90кг
1. Умед Муъминов (Душанбе)
2. Ризоалӣ Мирзораҳматов (Бохтар)
3. Мирзоҷон Раҳимов (Ваҳдат)
3. Шерзод Раҳмонов (Ҳисор)

Вазни -100кг
1. Файз Файззода (Душанбе)
2. Дилшод Абдурасулов (Бохтар)

Вазни +100кг
1. Озодбек Ҷӯраев (Душанбе)
2. Умед Раҳматуллоев (Бохтар)

Ғолибони мусобиқаҳо оид ба шоҳмот, варзиши сабук ва гуштини миллӣ аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.