Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон шуруъ шуд

21.04.2020

: 1002

19 апрел Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон оғоз гардид, ки дар он 10 даста ширкат мекунад.

Дар бозии марказии даври аввал муддаиёни медалҳои тилло – “Зебонисо”-и Душанбе ва “Хатлон”-и Бохтар вохурданд. Бозӣ бошиддат сурат гирифта, бо пирӯзии бохтариҳо анҷом ёфт – 1:0. Голи ягонаро Муҳайминаи Гулаҳмад зад.
Бо ҳисоби 1:0, ҳамчунин “Зебо” бар “Регар-ТадАЗ”, “Барқ” бошад, бар тими “Равшан” ғолиб омаданд.
Дар даври аввал футболбоздухтарони “Чашма” дастаи “Панҷшер”-ро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст доданд. “Бешкент” ба дарвозаи “Ҳосилот” 2 голи беҷавоб зад.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон дар ду марҳила сурат мегирад, ки ҳар даста бо дигар дастаҳо дар хона ва сафар вомехуранд. Ҳар даста дар мавсими нав 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон
Натиҷаҳои даври аввал
«Зебонисо» – «Хатлон» – 0:1
«Бешкент» – «Ҳосилот» – 2:0
«Панҷшер» – «Чашма» – 1:6
«Регар-ТадАЗ» – «Зебо» – 0:1
«Равшан» – «Барқ» – 0:1