Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Аввалин пирӯзии КМВА ва “Регар” дар мавсими нав

20.04.2020

: 1116

Рӯзҳои истироҳати гузашта 4 бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

18 апрел барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ тими “Истаравшан”-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шероз Муҳаммадиев ва Диловаршо Ғаниев дуголӣ заданд. Голи “Истаравшан”-ро Илҳомҷон Баротов ба номаш сабт кард.
Вохурии дигари рӯзи аввал миёни дастаҳои нави лигаи олӣ – “Душанбе-83” ва “Файзканд” мусовӣ анҷом ёфт – 0:0. Бо ин ҳисоб “Душанбе-83” дар лигаи олӣ аввалин хол ба даст овард.
Бозии марказии даври сеюм 19 апрел миёни пешсафон – “Истиқлол” ва “Хатлон” сурат гирифт, ки ғолиб надошт. Дастаҳои баробар – 2:2 бозӣ карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум бозингари хатлонӣ Парвиз Боқиохунов кушод. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32 ҳисобро баробар кард. Қабл аз танаффус Умарҷон Шарифов тӯби дуюмро вориди дарвозаи “Истиқлол” кард. Душанбегиҳо дар вақти иловагӣ тавонистанд аз бохт раҳо ёбанд. Дар дақиқи 90+5 сардовар Насурлло Кабиров пеналтӣ таъин кард, ки онро Манучеҳр Ҷалилов бехато иҷро намуд.
Дар бозии дигар КМВА бар дастаи нави лигаи олӣ – “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Аввалин ғалабаи дастаи артишро Шодибек Ғаффоров, Дилшод Восиев ва Нодирбек Иброҳимов таъмин карданд. Голи “Локомотив-Помир”-ро Ислом Зоиров зад.
Бозии охирини даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон 22 апрел миёни дастаҳои “Куктош” ва “Хуҷанд” доир мешавад.

Б       

Ғ         

М        

Б        

Т             

Х        

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

2

1

0

11-2

7

2

«Хатлон» (Бохтар)

3

2

1

0

7-5

7

3

«Файзканд» (Восеъ)

3

1

2

0

5-4

5

4

«Куктош» (Рӯдакӣ)

2

1

1

0

3-0

4

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

1

1

1

6-4

4

6

«Локомотив-Помир» (Душанбе)         

3

1

1

1

4-5

4

7

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

5-4

3

8

КМВА (Душанбе)

3

1

0

2

4-6

3

9

«Душанбе-83» (Душанбе)

3

0

1

2

0-8

1

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

3

0

0

3

2-9

0