03.04.2020
: 1189
Шӯрои олимпии Осиё барномаи варзишии 3-юм Бозиҳои осиёии наврасонро эълон кард, ки моҳи ноябри соли 2021 дар Шантоуи Чин баргузор мешавад.
Барномаи Бозиҳои осиёии наврасон-2021 аз 18 намуди варзиш иборат аст, ки асосан намудҳои олимпии варзиш, мисли варзиши сабук, намудҳои варзиши обӣ, гимнастика, футбол, намудҳои нави олимпӣ – мавҷбозӣ, шӯхпаймоӣ ва намудҳои варзиши дар Осиё маъруф – қайиқи дракон, ушу ҳастанд.
3-юм Бозиҳои осиёии наврасон дар Шантоу аз 20 то 28 ноябри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.
Барномаи 3-юм Бозиҳои осиёии наврасон:
1. Варзиши сабук
2. Варзишҳои обӣ (шиноварӣ, ҷаҳиш ба об ва тӯббозӣ дар об)
3. Бадминтон
4. Баскетбол (3х3)
5. Волейболи соҳилӣ
6. Сабқати қайиқи дракон
7. Футбол
8. Гимнастика
9. Голф
10. Ҳендбол
11. Рақси варзишии ҳип-ҳоп (Hip Hop Dance)
12. Шӯхпаймоии варзишӣ
13. Регби
14. Мавҷбозӣ
15. Тенниси рӯи миз
16. Таеквондо
17. Мавҷбозӣ бо заврақ (Виндсерфинг)
18. Ушу
Аввалин Бозиҳои осиёии наврасон соли 2009 дар Сингапур, дуюмаш дар Нанкини Чин соли 2013 баргузор шуд. Ҳар ду бозиҳо ҳамчун чорабинии таҷрибавӣ барои шаҳрҳои мизбони Бозиҳои олимпии наврасон маҳсуб меёфтанд, ки солҳои 2010 ва 2014 доир гаштанд.
Пас аз 3-юм Бозиҳои осиёии наврасон-2021 дар Шантоу, чорум бозиҳо дар шаҳри Тошканди Узбекистон соли 2025 баргузор хоҳад шуд.
Чин, ҳамчунин 6-ум Бозиҳои соҳилии Осиёро дар шаҳри Санйа аз 28 ноябр то 6 декабри соли 2020, 19-ум Бозиҳои Осиёро дар Ҳангжоу аз 10 то 25 сентябри соли 2022 мизбонӣ мекунад.