Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” бори нуҳум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

“Истиқлол” бори нуҳум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард “Истиқлол” бори нуҳум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард “Истиқлол” бори нуҳум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард “Истиқлол” бори нуҳум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

05.04.2020

: 142

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон-2020 бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ҷомро дар маҷмуи ҷоизаҳояш ҳифз кард.

Ғалабаи тими Душанбе тавассути зарбаҳои нишонраси Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов имконпазир шуд. Дар ҳайати тими Хуҷанд легионери узбекистонӣ Санҷар Ризхибоев голро ба ҳадаф расонд.
Ҳамлагари тими “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин бозингар дониста шуд.
Бозӣ 4 апрел дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бе ҳузури мухлисон доир гашт. Бо сабаби авҷи коронавирус дар ҷаҳон Федератсияи футболи Тоҷикистон тибқи тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тасмим гирифт, ки бозии Суперҷоми Тоҷикистон ва бозиҳои даври якуми Лигаи олии футбол, ки 5-ум ва 8-уми апрел баргузор мешаванд, бе ҳузури мухлисон гузаранд.
Ҳамин тариқ, “Истиқлол” маротибаи нуҳум Суперҷоми Тоҷикистонро сазовор шуд. Клуби Душанбе қаблан солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 ҷоми ифтихориро ба даст оварда буд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2020

«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 2:1
Голҳо: Санҷар Рихсибоев, 2 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 78 (1:1). Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (2:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 58), Виктор Свежов, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (Рустам Соиров, 76), Шериддин Бобоев (Вахит Оразсахедов, 58), Манучеҳр Ҷалилов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Маъмур Икромов, Манучеҳр Сафаров, Комрон Мирзонажод, Бахтиёр Чориев (Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 76), Дилшод Бозоров, Ойбек Абдуғаффоров, Хуршед Бекназаров, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Алишер Баротов, 76), Санҷар Рихсибоев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 64), Абдулмуъмин Забиров (Андрей Сидиров, 84).

Огоҳӣ: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Нозири доварон: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Зайниддинзода (Бохтар).

4 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ