Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои олимпии Токио ба вақти дигар гузаронида мешавад

26.03.2020

: 1220

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ва Сарвазири Ҷопон Абэ Шинзо дар масъалаи ба вақти дигар гузаронидани Бозиҳои олимпии Токио, бо сабаби авҷ гирифтани вируси корона, ба мувофиқа расиданд. Бозиҳо на дертар аз тобистони соли 2021 доир хоҳад шуд. Санаи нави баргузории мусобиқот эълон нашудааст.

Чунин қарор дар натиҷаи суҳбати телефонии Томас Бах ва Абэ Шинзо бо иштироки раиси Кумитаи тадорукоти “Токио-2020” Йоширо Морӣ ва дигар шахсони масъули омодагӣ ба бозиҳо гирифта шуд. Тавре сомонаи расмии КБО хабар додааст, зимни суҳбат ҷонибҳо аз авҷ гирифтани вируси ҳамагири COVID-19 изҳори нороҳатӣ карданд. Тибқи иттилои Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ (ТҶТ) дар ҷаҳон беш аз 470 000 нафар сироятёфтагони вируси корона ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 21000 нафараш фавтидаанд ва ин шумора соат ба соат меафзояд.

- Дар асоси вазъи ногувори ҷаҳон ва маълумоти ТҶТ, президенти КБО ва Сарвазири Ҷопон ба мувофиқа омаданд, ки санаи баргузории Бозиҳои олимпии Токио тағйир дода шавад. Мусобиқаҳо ба хотири амният ва саломатии варзишгарон, ҳамчунин ҳамаи онҳое, ки барои баргузории мусобиқаҳо ҷалб гардидаанд, дар муҳлати дигар, вале на дертар аз тобистони соли 2021 доир мегарданд, - омадааст дар изҳороти КБО.
Ҳамчунин қарор шудааст, ки оташи олимпӣ дар Ҷопон мемонад, номи чорабинӣ ҳамчун Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ҳифз карда мешавад.
Қайд гардид, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио метавонад умеде барои ҷаҳониён дар вазъияти ногувор гардад ва оташи олимпӣ равшанӣ дар охири нақб хоҳад буд, ки феълан ҷаҳон дар он қарор дорад.