22.03.2020
: 1153
22 март дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт-2020 баргузор шуд.
Дар мусобиқа, ки ба муносибати иди Наврӯз доир гашт, 70 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор ва Ховалинг ширкат карданд.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 61 ҳазор сомониро ташкил медод, ки онро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо кард. Дар ҳар як пойга ба ғолиб 2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ тақдим шуд.
Ғолибону ҷоизадорони пойгаи аспдавонӣ бахшида ба иди Наврӯз барои дарёфти Ҷоми пойтахт-2020:
Пойгаи 1-ум, аспҳои синнашон гуногуни зоти тоҷикӣ. Масофа - 1400 метр
1. Асп бо лақаби “Красавчик” аз Душанбе, соҳибаш Ҷамшед Гулов, саворааш Фирдавс Саломов, натиҷа – 1 дақиқаю 33 сония.
2. Асп бо лақаби “Бомдод” аз Душанбе, соҳибаш Исмоилҷон Соҳибов, саворааш Далер Сафаров, натиҷа – 1 дақиқаю 34 сония.
3. Асп бо лақаби “Звезда” аз хоҷагии деҳқонии Бегиҷони шаҳри Роғун, соҳибаш Раҳматшо Бегиҷонзода, натиҷа – 1 дақиқаю 38 сония.
Пойгаи 2-юм, аспҳои синнашон гуногуни зоти англисӣ. 1400 метр
1. Асп бо лақаби “Пулия” аз ноҳияи Файзобод, соҳибаш Абдулқосим Раҳмонов, натиҷа – 1 дақиқаю 43 сония.
2. Асп бо лақаби “Закот” аз ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибаш Абдусамад Ҷалматов, саворааш Сироҷ Мамадов, натиҷа – 1 дақиқаю 44 сония.
3. Асп бо лақаби “Гумбаз” аз шаҳри Роғун, соҳибаш Маҳмадюсуф Набиев, саворааш Қурбоншо Набиев, натиҷа – 1 дақиқаю 45 сония.
Пойгаи 3-юм, аспҳои синнашон гуногуни ахалтекинӣ. 1400 метр
1. Асп бо лақаби “Сарбаланд” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Фирдавс Саломов, натиҷа – 1 дақиқаю 35 сония.
2. Асп бо лақаби “Тулуъ” аз ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибаш Абдусамад Ҷалматов, саворааш Бобур Ҷалматов, натиҷа – 1 дақиқаю 39 сония.
3. Асп бо лақаби “Самарқанд” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Манучеҳр Асомиддинов, натиҷа – 1 дақиқаю 43 сония.
Пойгаи 4-ум, аспҳои аз 8-сола болои зоти тоҷикӣ. 1400 метр
1. Асп бо лақаби “Тархун” аз Душанбе, соҳибаш Амри Яздон, саворааш Фирдавс Саломов, натиҷа – 1 дақиқаю 43 сония.
2. Асп бо лақаби “Виёл” аз Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе, саворааш Ориф Зайниддинов, натиҷа – 1 дақиқаю 48 сония.
3. Асп бо лақаби “Лаъл” аз Душанбе, соҳибаш Бегмурод Эшонқулов, саворааш Азиз Муродов, натиҷа – 1 дақиқаю 53 сония.
Пойгаи 5-ум, аспҳои 3-солаи зоти тоҷикӣ. 1800 метр
1. Асп бо лақаби “Радана” аз Душанбе, соҳибаш Муҳаммад Гулов, саворааш Далер Сафаров, натиҷа – 2 дақиқаю 7 сония.
2. Асп бо лақаби “Разгром” аз Душанбе, соҳибаш Шаҳзод Гулов, саворааш Анӯшервон Сатторов, натиҷа – 2 дақиқаю 9 сония.
3. Асп бо лақаби “Бағдод” аз Душанбе, соҳибаш Алиҷон Саидов, саворааш Азиз Муродов, натиҷа – 2 дақиқаю 10 сония.
Пойгаи 6-ум, аспҳои 4-солаи зоти тоҷикӣ. 2000 метр
1. Асп бо лақаби “Талисман” аз Душанбе, соҳибаш Билол Саидов, саворааш Шоҳрух Ятимов, натиҷа – 2 дақиқаю 18 сония.
2. Асп бо лақаби “Энергетик” аз Душанбе, соҳибаш Эраҷ Гулов, саворааш Манучеҳр Асомиддинов, натиҷа – 2 дақиқаю 19 сония.
3. Асп бо лақаби “Гуланг” аз ноҳияи Ховалинг, соҳибаш Некмурод Боев, саворааш Анӯшервон Сатторов, натиҷа – 2 дақиқаю 24 сония.
Пойгаи 7-ум, аспҳои аз 4-сола болои зоти англисӣ. 2000 метр
1. Асп бо лақаби “Шерхон-Дарк” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Манучеҳр Асомиддинов, натиҷа – 2 дақиқаю 3 сония.
2. Асп бо лақаби “Паймон” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Далер Сафаров, натиҷа – 2 дақиқаю 5 сония.
3. Асп бо лақаби “Ватан” аз Душанбе, соҳибаш Ромиш Умаров, саворааш Шоҳрух Ятимов, натиҷа – 2 дақиқаю 6 сония.
Пойгаи 8-ум, аспҳои 2-солаи зоти тоҷикӣ. 1400 метр
1. Асп бо лақаби “Аввала” аз хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг, саворааш Анӯшервон Сатторов, натиҷа – 1 дақиқаю 40 сония.
2. Асп бо лақаби “Абобил” аз хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг, саворааш Шодрӯз Сӯфиев, натиҷа – 1 дақиқаю 42 сония.
3. Асп бо лақаби “Тилло” аз ноҳияи Фархор, соҳибаш Азамат Ҷумъаев, натиҷа – 1 дақиқаю 51 сония.