Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Давлат Болтаев мусобиқаи интихобии олимпиро бо пирӯзӣ шуруъ кард

Давлат Болтаев мусобиқаи интихобии олимпиро бо пирӯзӣ шуруъ кард Давлат Болтаев мусобиқаи интихобии олимпиро бо пирӯзӣ шуруъ кард

06.03.2020

: 129

Имрӯз қувваозмоиҳои мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун идома ёфт.

Дар вазни -91кг Давлат Болтаев дар аввалин ҳарбаш бар Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон дастболо шуд ва ба даври дигар роҳхат гирифт. Давлат 8-уми март дар чорякфинал бо Левит Василий аз Қазоқистон неру месанҷад. Левит Василий барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро ва чанд карат ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон мебошад.
Имрӯз, ҳамчунин дар вазни +91кг Сиёвуш Зуҳуров бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва дар вазни -69кг Нилуфар Бобоёрова бо Байсон Маникон аз Тайланд муҳориба карданд, вале мағлуб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Дирӯз Баҳодур Усмонов (-63кг) ва Шаббос Негматуллоев (-81) ба чорякфинал роҳ ёфтанд.
Фардо - 7-уми март дар вазни -57кг Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг,  дар вазни -51кг Сумайя Қосимова бо Реим Ал-Мриҳел аз Урдун ҳарб мекунанд.