05.03.2020
: 1710
Дар пайи Баҳодур Усмонов Шаббос Негматуллоев низ аввалин ҳарбашро дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бо пирӯзӣ анҷом дод.
Шаббос низ дар дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм намояндаи Афғонистон Файзуллоҳ Арюбиро мағлуб кард ва ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Ҳарифи навбатиаш чемпиони ҷаҳон-2019 Бекзод Нурдавлатов аз Қазоқистон мебошад, ки 8-уми март нерӯ месанҷанд.
Фардо - 6 март дар вазни -91кг Давлат Болтаев бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, дар вазни +91кг Сиёвуш Зуҳуров бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав, дар вазни -69кг Нилуфар Бобоёрова бо Байсон Маникон аз Тайланд ва 7-уми март дар вазни -57кг Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг, дар вазни -51кг Сумайя Қосимова бо Реим Ал-Мриҳел аз Урдун ҳарб мекунанд.