04.03.2020
: 1273
Федератсияи байналмилалии дзюдо бо изҳори таассуф иттилоъ додааст, ки бинобар сабаби авҷи вируси корона дар ҷаҳон, Гран Прии Работ дар Марокаш доир намешавад.
Баргузории мусобиқа 6-8 март ба нақша гирифта шуда буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Марокаш дар бораи барҳам додани ҳамаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ, намоишҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ қарор қабул кардааст.
“Мо аз ҳамаи шахсони манфиатдор, аз ҷумла варзишгарон ва ҳайатҳои расмии давлатҳо барои пеш омадани ҳолати ногаҳонӣ узр мепурсем”, - омадааст дар сомонаи расмии Федаратсияи байналмилалии дзюдо.
Дар Марокаш 1 ҳолати гирифторшавӣ ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Федератсияи байналмилалии дзюдо аккредиятатсияи варзишгаронро ҷиҳати иштирок дар Гран Слами Екатеринбург (13-15 март) то 12 март идома медиҳад.
Барои иштирок дар Гран Прии Работ аз ҷумла дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар номнавис шуда буданд.
Шумораи гирифторон ба вируси COVID-19 дар ҷаҳон (74 давлат) ба ҳолати 4 март ба 93129 нафар расидааст, ки аз ин 50681 нафар табобат ёфта, 3198 нафар фавтидаанд. Бар иловаи давлати Чин, ки вирус аз ин ҷо сар зад, вазъият дар давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Эрон ваҳим арзёбӣ мешавад.