03.03.2020
: 145
Имрӯз дар шаҳри Аммони Шоҳигарии Урдун мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус оид ба бокс шуруъ мешавад ва то 11 март идома меёбад.
Шоми дирӯз мароиси қуръакашии мусобиқа доир гашт ва муштзанҳои мо ҳарифонашонро дар даври аввал шинохтанд.
Миёни мардон имрӯз – 3 март нахуст дар вазни 75кг Мирзомуҳаммад Бахтиёр бо варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинҷеа Ким, 4-уми март дар вазни -52кг Шуҳрат Сабзалиев бо варзишгари Муғулистон Енхмандах Хархуу, дар вазни -69кг Шералӣ Мамадалиев бо Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон, 5-уми март дар вазни -63кг Баҳодур Усмонов дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Арген Қодирбек уулу (Қирғизистон) / Санил Шаҳӣ (Непал), дар вазни -81кг Шаббос Негматуллоев дар даври дуюм бо Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон, 6 март дар вазни -91кг Давлат Болтаев бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, дар вазни +91кг Сиёвуш Зуҳуров бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва 7-уми март дар вазни -57кг Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг ҳарб мекунанд.
Миёни бонувон 4-уми март дар вазни -57кг Миҷгона Самадова дар даври дуюм бо Ский Николсон аз Австралия, дар вазни -60кг Шоира Зулқайнарова дар даври аввал бо Йеонҷӣ Оҳ аз Кореяи Ҷанубӣ, 6-уми март дар вазни -69кг Нилуфар Бобоёрова бо Байсон Маникон аз Тайланд, 7-уми март дар вазни -51кг Сумайя Қосимова бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун нерӯ месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ (8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 250 варзишгар аз 40 давлат барои 41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни бонувон талош мекунанд.
Тибқи низомнома дар қораи Осиё/Уқёнус миёни бонувон дар вазни -51кг 6 нафар, дар вазнҳои -57кг, -60кг, -69, -75кг 4-нафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои -52кг, -57кг, -63кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои -69кг, -75кг, -81кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои -91кг, +91кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.