Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷои дуюми мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми рушд-2020

Ҷои дуюми мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми рушд-2020  Ҷои дуюми мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми рушд-2020  Ҷои дуюми мунтахаби Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми рушд-2020

27.01.2020

: 133

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”, ки 19-25 январ дар шаҳри Минск (Белорус) доир гашт, ҷои дуюмро ишғол намуд.

Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар бозии финалӣ аз тими Белорус (U-17) мағлуб шуданд. Вақти асосии дидор мусовӣ (2:2) анҷом ёфт, дар задани силсилазарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи мизбонон хандид – 5:4.
Дар мусобиқа 8 дастаи мунтахаб иштирок карданд. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои мунтахаби наврасони Белорус ва Тоҷикистон ба майдон омаданд. Бозӣ бисёр ҷолиб гузашт. Дар дақиқаи 9-ум футболбозони навраси мо як комбинатсияи хубро ташкил карданд, ки дар натиҷа Абдулфаттоҳ Худойдодзода ҳисобро кушод. Дар анҷоми нимаи аввали бозӣ Сунатулло Азизов голи дуюми дастаи Тоҷикистонро зад.
Мутаассифона, футболбозони мо ҳисобро то анҷом натавонистанд нигоҳ доранд. Мизбонон дар нимаи дуюм тавассути Кунский ва Марчук ҳисобро баробар карданд. Бо вуҷуди он ки дастаи мунтахаби мо бозиро 10-нафарӣ ба анҷом расонданд. Дар дақиқаи 71-ум ба Муҷовид Шовайсиддинов корти сурх нишон дода шуд.
Дар задани силсилазарбаҳои ёздаҳметра бахти мизбонон омад кард – 5:4. Дар натиҷа, тими наврасони Белорус ҷои аввалро ишғол намуд, тими Тоҷикистон медалҳои нуқра ба даст овард.
Ҳамлагари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Сунатулло Азизов, ки дар чор бозӣ ба задани 3 гол даст ёфт, беҳтарин ҳамлагари мусобиқа дониста шуд.
Барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020” дар Минск як давраи омодагӣ ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 16 сентябр то 3 октябри соли равон дар Баҳрайн доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”
Финал
Белорус (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 2:2. Пеналтӣ – 5:4
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 9 (0:1). Сунатулло Азизов, 39 (0:2). Кунский, 57 (1:2). Марчук, 80+3 (2:2).

Бозӣ барои ҷои сеюм
Белгия (U-17) – Исроил (U-17) – 5:0

Бозӣ барои ҷои 5-ум
Финланд (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:0

Бозӣ барои ҷои 7-ум
Узбекистон (U-16) – Исландия (U-17) – 1:2