Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Ҷоми рушд-2020”: тими наврасони Тоҷикистон дар финал

23.01.2020

: 157

Тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ниҳоии бозиҳои гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”, ки дар Мински Белорус ҷараён дорад, бар дастаи Гурҷистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ба финал баромад.

Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ дар дақиқаи 36 ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 77 заданд.
Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар даври аввал бар тими Исландия пирӯз шуда (2:1) дар даври дуюм аз Исроил шикаст (0:4) хурда буданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ Исландия бар Исроил бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи “В” Тоҷикистон бо 6 хол ҷои аввалро ишғол кард. Исландия ва Гурҷистон бо 4-холӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм, Исландия бо се хол дар зинаи чорум мавқеъ гирифтанд.
Дар бозии финалӣ тими наврасони мо бо ғолиби гурӯҳи "А" дастаи наврасони Белорус вомехурад. Ин дидор 25 январ, соати 18:45 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”

Гурӯҳи «В»
1-ум давр
Исландия (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 27 (0:1). Даниэл Деян Ҷурич, 50 – аз пеналтӣ (1:1). Сунатулло Азизов, 75 (1:2).

Исроил (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:1

2-юм давр
Исроил (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 4:0
Гурҷистон (U-17) – Исландия (U-17) – 1:0

3-юм давр
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Гурҷистон (U-17) – 2:1
Голҳо: Торнике Дундлия, 13 (0:1), Алиҷони Айнӣ, 36 (1:1), Суннатулло Азизов, 77 (2:1).

Исландия (U-17) – Исроил (U-17) – 2:0

Гурӯҳи «А»
1-ум давр
Белгия (U-17) – Финланд (U-17) – 2:1
Беларус (U-17) – Узбекистон (U-16) – 4:1

2-юм давр
Белгия (U-17) – Узбекистон (U-16) – 2:1
Финланд (U-17) – Беларус (U-17) – 1:2

3-юм давр
Узбекистон (U-16) – Финланд (U-17) - 1:2
Беларус (U-17) – Белгия (U-17) - 1:1

25 январ (шанбе)
Бозӣ барои ҷои 7-ум
12:00 – Узбекистон (U-16) – Исландия (U-17)

Бозӣ барои ҷои 5-ум
14:15 – Финланд (U-17) – Гурҷистон (U-17)

Бозӣ барои ҷои 3-юм
16:30 – Белгия (U-17) – Исроил (U-17)

Финал
18:45 – Белорус (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-16)