Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Аввалин мусобиқаи дзюдо барои дарёфти Ҷоми Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” доир шуд

Аввалин мусобиқаи дзюдо барои дарёфти Ҷоми Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” доир шуд Аввалин мусобиқаи дзюдо барои дарёфти Ҷоми Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” доир шуд Аввалин мусобиқаи дзюдо барои дарёфти Ҷоми Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” доир шуд

23.01.2020

: 98

22 январ дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи дзюдо барои дарёфти Ҷоми Клуби варзишии “Ҳоҷӣ Шариф” баргузор шуд.

Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар – дастпарварони Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” иштирок карданд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ президенти клуб Эргаш Маҳмадбеков, ноиби раиси Федератсияи гуштини миллӣ – гуштингирӣ Рашид Кишварзода, сарпарасти клуби варзишии “Ҳоҷӣ Шариф” Исмоили Маҳмадзоир, директори иҷроияи клуби мазкур Темур Манозов, мураббиён, волидайни варзишгарон ва ҳаводорони гуштин ширкат карданд.
Варзишгари хурдсолу наврас (аз 5-сола то 17-сола) аз рӯи 12 вазн байни ҳам қувваозмоӣ карда, беҳтаринҳо бо медал, ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин Исмоили Маҳмадзоир ба ҳамаи варзишгарон либоси варзишӣ тақдим намуд.
Дар натиҷа, 12 варзишгар барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Подолски вилояти Маскави Федератсияи Руссия баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.