13.11.2019
: 1481
Варзишгари ҷавон, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондои ҷаҳонӣ (WT) Шарафҷон Қодиров дар мусобиқаи байналмилалии “Korean Ambassador's Cup Taekwondo World Championship 2019” сазовори медали нуқра шуд.
Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондо WTF-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, мусобиқа 11 ноябр бо иштироки 120 варзишгари ҷавон аз 44 давлат дар шаҳри Муҷуи Кореяи Ҷанубӣ доир гашт. Шарафҷон – ягона намояндаи Тоҷикистон - дар вазни -58кг ба гирифтани ҷои дуюм мушарраф шуд. Ӯро дар ин мусобиқа мураббӣ Файзбахш Шоев ҳамроҳӣ кард.