Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон – беҳтарин дар Осиё

13.11.2019

: 183

Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ҷоизаи беҳтарин лигаи ҷавонон дар Осиёро дар соли 2019 ба даст овард. Маросими ҷоизасупорӣ 12 ноябр дар доираи Анҷумани сеюми ҷавонони Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар Куала Лумпури Малайзия баргузор шуд.

Ҷоизаро ба директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатов котиби генералии КФО Дато Виндзор Ҷон ва футболбози дар гузашта машҳури клуби “Манчестер Юнайтед” ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ Пак Ҷи Сун супориданд.

“Миннатдории худро ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳи махсусашон ба рушд ва тарғиби футболи кӯдакону наврасон дар кишвар мерасонам. Чанд сол аст, ки дар ҷумҳурӣ мусобиқоти лигаи ҷавонон дар се дарҷаи синну сол - U-15, U-17 ва U-18 доир мегардад. Гирифтани ҷоизаи махсус аз КФО дастоварди бузург барои футболи кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон мебошад. Ин натиҷаи кори мост ва ба ҳамаи дастаҳо, ки дар мусобиқаҳо ширкат мекунанд, арзи сипос менамоям. Ин ҷоиза оғози кори мост ва дар оянда лигаро боз ҳам рушд хоҳем дод”, - иброз намудааст Увайдо Давлатбеков.
Дар дигар номинаҳо ҷоизаи мураббии беҳтарини сол дар футболи ҷавононро Абдулваҳҳоб Носир Ал-Харбӣ, ки бо роҳнамоии ӯ мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ (U-16) ғолиби Чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ гардид, ба даст овард. Академияи клуби футболи “Шандун Лунэн Тайшон”-и Чин беҳтар академияи футболи ҷавонон дар Осиё эътироф шуд.