Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали навбатии Муҳаммадҳасан аз мусобиқоти байналмилалӣ

09.11.2019

: 1579

Таеквондочии ҷавони кишвар Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин сазовори медали нуқра гардид.

7-9 ноябр дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондои ҷаҳонӣ миёни ҷавонон ва калонсолон (“2019 The Belt and Road China Open International Taekwondo Championships - World Taekwondo - G-1”) доир гашт. Дар мусобиқа беш аз 500 варзишгар аз 20 давлати қораҳои Осиё ва Африқо ширкат карданд.
Аз ҷумҳурии мо 4 варзишгар – Ширинмоҳ Миршакарзода, Моҳру Ҳалимова, Хуррам Меҳтаршоев ва Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов ба Чин сафарбар гардиданд ва дар рӯзи сеюми мусобиқа Муҳаммадҳасан дар вазни -73кг миёни ҷавонон ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд.
Ин 5-ум медали Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли равон мебошад. Ӯ дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар Урдун сазовори медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои байналмилалии “Namangon Open” (Узбекистон) ва “Chuncheon Korea Open G-2” (Ҷумҳурии Корея) медали тилло ва дар мусобиқа ба хотираи Суйлиш Батир дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овардааст.